Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда: шамъу чароғу дору харед

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сокинонро аз ҳавои номусоид давоми чанд рӯзи оянда ҳушдор додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik Ин ниҳод бо такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар шаҳрвандон ва меҳмононро ҳушдор додааст, ки рӯзҳои наздик дар кишвар ҳавои номусоид буда боридани борон, барф дар назар аст.

Тавсияҳои КҲФ ба ронандагону пиёдагардон дар рӯзҳои яхбандиву меғфароӣ

Тибқи иттилои манбаъ, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ таҳдиди яхбандӣ, тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳи автомобилгард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни посбонӣ дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ омода шудааст.

Гуфта мешавад, чунин чораҳо барои дар ҳолати хатари садамаҳои тармафароӣ дар роҳҳо пешбинӣ шудааст.

Кумита ба сокинони минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони кишвар хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикорро маҳдуд кунанд.

Инчунин, ниҳод тавсия медиҳад, ки ҳамеша телефонҳои мобилии худро бо қувваи пурра ва пайвасти мӯътадил нигоҳ доранд, дорувориҳои аввалияи хонагии худро нав ва пур кунанд, системаҳои иловагии рӯшноӣ харанд.

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, алахусус ҳангоми истифодаи роҳҳо ва ағбаҳои кӯҳистон, КҲФ аз ронандагоне, ки нақлиёти дорои шишаҳои сиёҳро доранд, даъват мекунад, ки ҳаракатро шабона маҳдуд кунанд, таъкид кардааст, ин ниҳод.

Кумита тавсия медиҳад, ки одамоне, ки имрӯзҳо аз бемориҳои дилу раг азият мекашанд, эҳтиёткор бошанду дар наздашон доруҳои муқарраршударо дошта бошанд.