Шоҳмотбозии Рамазон Раҳимзода бо ҷавондухтар: кӣ пирӯз шуд?

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо варзишгарони навраси аъзои дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ дидор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро варзишгарони навраси аъзои дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ Аборорова Сабрина ва Ҷалолиддин Илҳомиро, ки ба наздикӣ барандаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” дар синну соли худ гардидаанд, қабул намуд.

Гуфта шудааст, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки худ устоди варзиш аз намуди шоҳмот аст, шоҳмотбозони муваффақро бори дигар барои варзишгарон табрику таҳният гуфтааст.

Нашри китоби нави Раҳимзода ва тавсифи Хайрандеш аз он

Ҳамчунин, ба варзишгарон аз номи Вазири корҳои дохилӣ барои натиҷаҳои назаррасашон мукофот дода шуд.

Қайд карда шудааст, ки шоҳмотбозони наврас дар даври ҷамъбастии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки санаи 11 декабри соли 2020 дар Маҷмааи варзишии “Борбад”-и шаҳри Душанбе доир гардид, бар рақибони худ дар даври ниҳоӣ аз 6 бозӣ 6 ғалаба ба даст оварда, дар ҳайати дастаи Душанбе-1 дар синну соли то 14-сола ғолиб омаданд.

Абророва Сабрина хонандаи синфи 8-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе буда, аз овони хурдӣ ба варзиши шоҳмот шуғл дорад.

Абророва Сабрина қаблан соли 2018 дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон дар шаҳри Тошканд барандаи медали нуқра, соли 2019 дар Чемпионатии Осиёгии шаҳри Деҳлии кишвари Ҳиндустон ду медали нуқра, дар Бозиҳои умумиҷаҳонӣ, ки соли 2019 дар вилояти Ханти-Мансийскии Русия доир гардид, соҳиби медали тилло гардидааст.

Солҳои 2019, 2020 ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии “Ҷоми Пешвои миллат” мебошад. Барои Ҷалолиддин Илҳомӣ, ки ӯ низ хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёна мебошад, ин дастоварди аввалини сатҳи баланд ҳисоб меёбад.