ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Овозхон, мутриб ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон ва Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷӯрабек Муродов 78-сола шуд.
Устоди саҳнаро шурӯъ аз дирӯз ҳаводорону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зодрӯзаш табрик мекунанд.
Тавре маъмури ширкати JM Production, Фирӯз Ҳайдаров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, устоди ҳунар зодрӯзашро дар ҳалқаи наздикону дӯстонаш таҷил хоҳад кард.
Ҷӯрабек Муродов 24 декабри 1942 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (соли 1967) Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон( соли1974) Ҳунарпешаи халқии СССР (соли 1979), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987) мебошад.
Ҷӯрабек Муродов аз се падараш, дӯстӣ бо бузургону сӯхтор дар осорхона: сахт гиристам-видео
Ҷӯрабек Муродовро яке аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳунари тоҷик берун аз марзи Тоҷикистон ва муаррификунандаи санъати тоҷик дар хориҷ низ медонанд.
Дӯстии ҳунармандро бо устодони саҳна аз Ӯзбекистон, Русия дар гузашта Афғонистону Ҳиндустонро пуле миёни фарҳанги Тоҷикистон ва ин кишварҳо мегӯянд.
Ҳамчунин Ҷӯрабек Муродов серкортарин овозхони тоҷик аст, ки дар тӯли 57 соли фаъолияти ҳунариаш бештар аз 2000 тарона хондаву ба 450-тои он оҳанг бастааст.
Хотироти Ҷӯрабек Муродов аз мулоқоте, ки бо Аҳмад Зоҳир як моҳ пеш аз маргаш дошт - Видео
Феълан, ба эҳтимол бо далели пандемия бошад, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории ягон чорабинии расмӣ бахшида ба зодрӯзи ҳунарманди мардумӣ эълон накардааст.