Бонки Ҷаҳонӣ гуфт чигуна пандемияи ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир расонд

Бонки Ҷаҳонӣ аз хисороти бузурги густариши вируси корона ба иқтисоди Тоҷикистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба номи "Кунд шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон дар шароити пандемия" мунташир шуд, аз таътили марказҳои тавлидӣ ва тиҷорӣ, коҳиши фаъолиятҳои бахши хусӯсӣ, коҳиш даромад аз интиқоли пули коргарони муҳоҷир ва уфти мизони сармоягузорӣ дар тарҳҳои зербиноӣ ёд мешавад, ки ношӣ аз таъсири мустақими густариши ин беморӣ мебошад.

Таъсири COVID: пайомади пандемия барои кишоварзӣ ва саноат дар Тоҷикистон

Суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол ба 4,2 дарсад расидааст дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда соли 2019 наздик ба 7,2 дарсад буд.

“Агар дар муддати 9 моҳи имсол тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон афзоише дошта бошад, танҳо аз ҳисоби содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо, фулузоти рангӣ ва маводи маъданӣ муяссар шудааст.”, - гуфта шудааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ.  

Ҳамчунин дар гузориши ин бонк таъкид шудааст, ки дар соли 2020 ба далели коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ дар Тоҷикистон мизони фақр афзоиш хоҳад ёфт.