Орд 220 ва гӯшт 55 сомонӣ: дар бозори Душанбе ярмаркаи маҳсулоти арзон ташкил шуд

Шаҳрдории Душанбе дар бозори "Меҳргон" ярмаркаи хӯрокворӣ ташкил карданд. Сокинон аз намоишгоҳи мазкур имконият пайдо карданд, ки маҳсулотро нисбатан арзонтар дастрас кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар намоишгоҳи мазкур нархи 1 кг пиёз 1 сомонию 80 дирам, картошка 3 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонию 20 дирам, шакар 8 сомонӣ, макарон 9 сомонӣ, биринҷ аз 8 сомонӣ то 12 сомонӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ аз 6 сомонӣ то 13 сомонӣ, карам 2 сомонӣ, гӯшт 55 сомонӣ, 5 кг равған 75 сомонӣ, 50 кг орд 220 сомониро ташкил медод, менависад "Ховар".

Гӯшт арзон мешавад? Агентии назди президент омори нав пешниҳод кард

Гуфта мешавад, ин маҳсулот дар дохили бозор нисбатан гаронтар, аз ҷумла 1 кг пиёз 2 сомонӣ, сабзӣ 1 сомоню 50 дирам, шакар 9 сомонию 50 дирам, макарон-10 сомонӣ, картошка-3 сомонию 30 дирам, биринҷ аз 10 сомонӣ то 17 сомонӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ аз 9 сомонӣ то 15 сомонӣ, карам- 2 сомонию 20 дирам, 5 кг равған аз 80 то 95 сомонӣ арзиш дорад.

Дар ярмарка шаҳрдории шаҳри Душанбе, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, "Тоҷикматлубот" ва аз вилояти Суғд маҳсулот дастрас карда шуд.

Пештар чунин намоишгоҳҳо дар дигар минтақаҳои шаҳри Душанбе, аз  ҷумла  дар маҳаллаи Қарияи Боло, "Саховат", Боғи "Куруши Кабир" ташкил гардидааст.

Дар Хуҷанд баъди хулосаҳои судӣ 500 кило маҳсулоти пастсифатро нобуд карда шуд

Тибқи маълумоти Агентии омори назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон дар мамлакат нархи лимӯ 29 фоиз, карам 22 фоиз, ярмаи марҷумак 2,4 фоиз, сабзӣ 2,2 фоиз, себ 1,5 фоиз ва биринҷ 1,2 фоиз арзон шудааст.