Маълум шуд, ки кадом беморонро пас аз коронавирус бояд дар беморхона нигоҳ дошт

Бархе аз нафаронеро, ки бемории коронавирусро аз сар гузаронидаанд, бояд пас аз муолиҷа низ як муддат дар бемористон нигоҳ дошт ва саломатии онҳоро таҳти назорат гирифт, мегӯянд коршиносон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Профессори Мактаби низоми биологии Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон Анча Баронова тавзеҳ додааст, ки кадом беморони коронавирусро баъди муолиҷа дарҳол аз бемористон рухсат додан, хатост.

Ба гуфтаи коршинос, ҳатто агар нишонаҳои беморӣ дида намешавад, аммо ташхиси инфексия мусбат аст, ӯро бояд зери назорати пизишкон монд. 

Соли наву вируси нав: дар бораи навъи ҷадиди коронавирус чӣ маълум аст

"Бо натиҷаҳои мусбати ташхиси коронавирус бояд табобатро идома дод, на ин ки ба хона ҷавоб дод. Агар ҳатто ба ҳаёти бемор таҳдиде набошад ҳам", - таъкид кардааст Баранова дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Ба гуфтаи профессор, вазъи саломатии чунин беморонро бояд ташхис кард ва муоина намуд, ки онҳо бо кадом вируси боқимонда аз беморӣ мебароянд.

Баронова таъкид кардааст, ки мутатсияи вирус дар пайи истифодаи бархе аз дорувориҳои зиддивирусӣ ба амал меояд.

Сироятшинос гуфт, пас аз 5 сол бо коронавирус чӣ мешавад

Ин пойгоҳи вижа барои таҳаввулоти вирус мешавад.

"Донишмандон боз як ҷузъиёти муҳимро ба қайд гирифтаанд - нишонаи он, ки навъи мазкур дар натиҷаи таҳаввулот дар организми як нафар ба вуҷуд омадаанд", - изҳор доштааст коршинос.

Ба гуфтаи Баронова, баланд шудани нишондоди сироятнокии вирус аз сатҳи хатарнокии он намегӯяд. 

Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”

Пештар навъи сироятноктари коронавирусро дар Британияи Кабир ва як қатор кишварҳои дигар ба қайд гирифтанд. Ба гуфтаи коршиносон, сироятнокии вирус пас аз мутатсия шудан то 70 дар сад афзудааст.