Ҳалокати ноболиғ дар садамаи маргбори шабона дар пеши "Боғи ҳайвонот"-и Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар натиҷа ноболиғи 15-сола ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса 21-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:35 дақиқа рух додааст.

ВКД-и Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳои Осиёи миёна бештар садама мекунанд

Манбаъ афзуд, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Леганзе”, Файзуллоев Шоҳобиддин, сокини шаҳри Душанбе, дар пеши Боғи ҳайвоноти Душанбе писари 15-соларо зер кардааст.

“Файзуллоев, сари чанбари мошини “ДЭУ-Леганзе” ҳангоми ҳаракат кардан аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон дар рӯ ба рӯи “Боғи-Ҳайвонот”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Шарифов Аслиддин Зиёратшоевич, соли таваллудаш 2005, сокини пойтахтро пахш намудааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар натиҷа, ноболиғ Шарифов Аслиддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.