ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Путин дар пайи пешниҳоди вакили парлумон, Сергей Неверов барои эълони 31 декабри соли 2020 рӯзи истироҳати умумирусиягӣ, ба волиҳои вилоятҳои Русия муроҷиат кард.
Ба гуфтаи Путин, зарур аст, ки 31 декабр дар тамоми Русия рӯзи истироҳат эълон карда шавад, аммо дар сатҳи федералӣ амалӣ кардани ин кор феълан ғайриимкон мебошад.
"Зарур аст, ки ин ташаббус дастгирӣ ёбад, дар сатҳи федералӣ ин кор феълан ғайриимкон мебошад, аммо минтақаҳо метавонанд ин корро анҷом диҳанд”, - изҳор дошт Путин зимни ҷаласа.
Дар Русия рӯзи охири сол расман истироҳатӣ нест, бинобар ин кормандони идораю ташкилотро зарур аст, ки тибқи реҷаи муқаррарӣ кор кунанд.
Баҳсҳо атрофи таътил эълон шудани 31 декабр солҳо боз давом дорад. Ин масъала баъди он мубрам шуд, ки Сергей Жвачкин, волии вилояти Томск рӯзи кориро дар вилоят аз 31 декабр ба шанбеи охири моҳ гузаронд.
Лоиҳаи қонун дар бораи таътил эълон кардани 31 декабр борҳо ба парлумон ворид шудааст, аммо то ҳол қабул нагардидааст.