Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус сабт нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Бигзор пул кор кунанд: Путин бо Раҳмон вазъи муҳоҷиронро баррасӣ мекунад

Манбаъ афзуд, дар маҷмӯъ аз 30 апрел то 23 декабр шумораи гирифторони коронавируси нав дар кишвар ба 13 ҳазору 71 нафар расид.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон 12 ҳазору 536 нафар арзёбӣ мешавад, ки беш аз 95 дарсади шумораи умумии гирифторшудаҳо мебошад.

Инчунин, бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.