Дидори Муштарӣ ва Зуҳал: ду сайёра баъди 800 сол ба ҳам наздик шуданд - акс

Sputnik

Шаби 21 ба 22 декабр Замин шоҳиди як падидаи беназири астрономӣ буд.

Дар қисматҳои гуногуни сайёра, одамон аз тамоми ҷаҳон имкон доштанд, ки вохӯрии Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кунанд.

Зулмот фаро мерасад: охирин гирифти Офтоб дар соли 2020 – акс

Ду сайёраи бузурги аз 17 декабр ба якдигар наздик мешуданд ва танҳо акнун онҳо ба дараҷае наздиканд, ки ба як сайёра монанд шуданд.

Наздикшавии сайёраҳои калонтарини системаи офтобии мо тақрибан дар 20 сол як маротиба ба амал меояд. Аммо танҳо ҳоло онҳо тақрибан якҷоя шуданд.

Бори охир чунин масофаи хурд байни Зуҳал ва Муштарӣ  соли 1226 сабт шуда буд. Тахминан, сайёраҳо баҳори соли 2080 ба ҳамдигар наздик мешаванд, аммо масофа аз як ситора ба ситораи дигар хеле зиёдтар хоҳад буд.

Офтобгирии чанд лаҳзаина ҳамаро дар ҳайрат гузошт - акс

Якҷояшавии кунунӣ ба маротиб аҷибтар шуд, зеро моҳи декабр онҳо хеле дурахшон шуданд. Баъзе аз сокинони Замин тавонистанд ҳодисаи таърихиро тавассути смартфонҳо сабт кунанд.

1 / 8
Баҳамоии Муштарӣ ва Зуҳал дар фазои иёлати Канзас
2 / 8
Мушоҳида баҳамоии Муштарӣ ва Зуҳал дар Мексика
3 / 8
Мушоҳидаи пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар Ҳиндустон
4 / 8
Мушоҳидаи пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар ИМА
5 / 8
Юпитер и Сатурн на фоне статуи в штате Канзас
6 / 8
Мушоҳидаи пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар Қувайт
7 / 8
Пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар Калифорния
8 / 8
Мушоҳидаи пайвастшавии Муштарӣ ва Зуҳал дар Мексика