Абу Даби мусофирони аз Тоҷикистон ба қаламраваш воридшударо аз қарантинаи ҳатмӣ озод кард

Аморати Муттаҳидаи Араб як қатор маҳдудиятҳо барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Абу-Дабиро бекор мекунад
Sputnik

 

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Телевизиони маҳаллии "Ал-Арабия" бо истинод ба изҳороти хадамоти матбуоти аморати пойтахт хабар дод, ки Абу Даби як қатор маҳдудиятҳоро барои кишварҳои минтақаи ба истилоҳ “саб”з аз 24 декабр бекор мекунад.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Бар асоси ин қарор, мусофироне, ки аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Чин ва як қатор кишварҳои дигар меоянд, аз маҳдудиятҳои дуҳафтаина озод карда мешаванд.

Барои онҳое, ки аз кишварҳои берун хатти ба истилоҳ "сабз" меоянд, давраи қарантина то 10 рӯз коҳиш дода шудааст.

Ҳамзамон, аз мусофироне, ки ба Аморати Муттаҳидаи Араб меоянд, боз ҳам талаб карда мешавад, ки пас аз расидан шаҳодатномаи санҷиши манфии COVID-19 пешниҳод кунанд.

Пас аз чанд рӯзи воридшавӣ, хориҷиён дар Абу-Даби бояд боз як озмоиши дигар месупоранд.

Рӯзе 5-6 парвоз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Инчунин қайд карда мешавад, ки рӯйхати кишварҳое, ки барои онҳо имтиёзҳо амал мекунанд, вобаста аз вазъи эпидемиологӣ ҳар ду ҳафта танзим карда мешаванд.