Вазорат: шабонарӯзи гузашта боз 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки тайи шабонарӯзи ахир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт ба асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Соли наву вируси нав: дар бораи навъи ҷадиди коронавирус чӣ маълум аст

Манбаъ афзуд, аз 30 апрел то 22 декабр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 13 ҳазору 34 нафар расид.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 496 нафар расидааст, ки баробари 95,9%-и шумораи умумии гирифторшудаҳо мебошад.

Таъкид шудааст, ки то имрӯз бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.