Боздошти афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ бо миқдори зиёди маводи мухаддир

Як афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикстон бо миқдори махсусан калон маводи мухаддир боздошт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Мақомоти пулиси  ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чанде пеш тақрибан 146 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд, хабар медиҳад "Авеста" дар такя ба манобеяш аз ВКД.

Директори Агентӣ гуфт, дар Тоҷикистон чанд нафар нашъаманд аст

Ба иттилои манбаъ, бо гумони қочоқи ғайриқонунии ин маҳсулоти нашъадор як корманди Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар боздошт шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови автомашинаи лейтенанти калони қӯшунҳои сарҳадӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар тақрибан 146 кг маводи мухаддир, аз ҷумла 101 кило афъюн ва тақрибан 45 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда ният дошт, ки ин маводи мухаддирро ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад.

Боздошти нашъаҷаллоб аз шаҳри Кӯлоб: 86 килограм маводи мухаддир мусодира шуд

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, шахсони дигари дар ин ҷиноят дастдошта муайян карда мешаванд, афзудааст манбаъ.