Тоҷикистон аз Русия афви муҳоҷирони мамнӯъ-ул-вурудро хост

Тоҷикистон ба мақомоти Русия пешниҳод кардааст, муҳоҷирони меҳнатие, ки қоидвайронкуниҳои хурди маъмуриро содир кардаанд, афв карда шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Тоҷикистон афви шаҳрвандонеяшро хостааст, ки ба далели қоидавайронкуниҳои хурди маъмурӣ дар Русия мамнӯъ-ул-вуруд шудаанд, хабар дод Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав.

Улмасов: муҳоҷирон барои рушди иқтисоди Русия заруранд

Сатторов гуфтааст, дар ин феҳраст 257 ҳазор тоҷикистонӣ қарор доранд.

“Ҳудуди 257 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳрасти афроди мамнӯъ-ул-вуруд қарор доранд. Барои бисёре аз шаҳрвандон вуруд ба Русия барои қоидавайронкуниҳои хурди маъмурӣ мамнӯъ шудааст”, - изҳор дошт сафири Тоҷикистон дар Русия.

Дипломат таъкид намуд, ки теъдоди афроди мамнӯъ-ул-вуруд тайи се-чор соли охир афзоиш ёфтааст.

“Мо ҳамеша дар бораи афви онҳое суҳбат кардем, ки вурудашон ба далели қоидавайронкуниҳои хурди маъмурӣ мамнӯъ шудааст”, - илова наммуд сафир.

Ҷонибдории Тоҷикистон аз пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия дар мавриди муҳоҷирон

Қаблан Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо изҳори ҷонибдорӣ аз вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид кард, ки ҳама аз бастани марзҳо азият мекашанд.

“Дар замони пандемия бояд роҳҳои ҳалли ғайриодию нодир пайдо кард, чун ин равандро ба таъхир андохтан мумкин аст. Пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия, ки ширкатҳои ниёзманд ба муҳоҷирони меҳнатӣ, метавонанд масъулияти таъмини кор, манзил ва интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои моро ба дӯш гиранд, яке аз чунин роҳҳои ҳал мебошад", - гуфта буд Сатторов.