Рейдҳои шабона: ВКД гуфт донишомӯзони кадом мактабҳои Хуҷанд оворагардӣ мекунанд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки зимни рейдҳои шабонаву рӯзона дар интернеткафеҳои шаҳри Хуҷанд, даҳҳо донишомӯзи мактабҳо боздошт шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки санҷиши марказҳои бозии компютерӣ ва бозиҳои букмекерӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд нишон додааст, ки ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби афроди алоҳида ҷой дорад.

“Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ба камолоти маънавии наврасону ҷавонон халалворидкунанда, аз ҷумла шабгардӣ, машғул шудани ноболиғон ба бозиҳои компютерӣ ва санҷиши нуқтаҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратие, ки ҷамъшавии наврасону ҷавонон ҷой дорад дар самти риояи тавсияи табибон дар давраи паҳншавии пандемияи “Covid-19” рейдҳои шабона ва рӯзона гузарониданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар ҳама нуқтаҳои ташрифотие, ки гурӯҳи корӣ санҷиш гузаронд ҳарчанд хавфу хатари бемории сироятии “Covid-19” ба пуррагӣ ба охир нарасида бошад ҳам, фосилаи иҷтимоӣ умуман риоя нагардида, дилхоҳ мизоҷ бе истифода аз ниқоби муҳофизатӣ ва санҷидани ҳарорат ворид мегардид.

Маркази бозиҳои компютерӣ ба ҷои мактаб: боздошти беш аз 25 ноболиғу ҷавон дар Ҳисор

ВКД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки шабона баъди соати муқаррарнамудаи қонун 4 нафар ноболиғ се нафар хонандаи Гимназияи №4 ва як нафар хонандаи Гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд аз дохили маркази пешбурди бозиҳои компютерӣ берун оварда шуданд.

“Рӯзона 7 нафар хонандаи Гимназияи №4 машғули бозиҳои хусусияти зӯроваридошта муайян шуд, ки бо лавозимоти дарсӣ онҷо қарор доштанд. Дар баробари суҳбатҳои инфиродӣ милитсия аз таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ кор гирифта, дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводи маъмурӣ тартиб дод”, - қайд кард ВКД Тоҷикистон.

Ҳамзамон зикр шудааст, ки донишҷӯёни майл ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта 13 нафар аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултетҳои молия, физика, технология, 1 нафар аз факултети “Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ”-и Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, се нафар муҳассилини Литсейи касбӣ техникии №31 шаҳри Хуҷанд ва 7 нафар аз Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон мавриди корбарии милитсия қарор гирифтанд.

Қайд шудааст, ки маълумоти мазкур барои пешгирӣ аз таъсири манфӣ ба сифати таълиму тарбия ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод гардид.

ВКД Тоҷикистон бори дигар таъкид доштааст, ки барои пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ҳамингуна чорабиниҳо дар дигар самтҳои ба таълиму тарбия ва ҳаёту фаъолияти наврасону ҷавонон алоқаманд гузаронида хоҳад шуд.