Меғ мафрояду борону барф меборад: обуҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва барф ба амал омада, туман мефарояд.  Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона   3+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Се ширкат аз Тоҷикистон барандагони ҷоизаи ҷаҳонии туризм шуданд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 4-9 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  25-30, дар баъзе ноҳияҳо то 33-38 ва рӯзона то 13-18  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо  фаромадани тумани пешгӯӣ мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5  дараҷа гарм мешавад.