"Худнамоӣ" бо мошини "ВАЗ-2106": БДА наворро дида, ҷавонро ҷарима баст - видео

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди таҳқиқи як навор, ки дар он ҷавоне дар кӯча "мошинбозӣ" мекунад, ин кори ӯро худнамоӣ номидаву ҷарима бастааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон менависад, "паҳн гаштани наворҳои халалдоркунандаи тартибот дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу эроди истифодабаранадагони сомонаҳои иҷтимоӣ ба ҷаримаи ҷавон сабаб шуд".

Тавре дар навор дида мешавад, ронанадаи мошини "ВАЗ-2106" шабона мошинашро гӯbё яхмолак ва ё ба истилоҳ "катокбозӣ" мекарда бошад, чанд маротиба давр мезанонад.

Маҳз ҳамин кори ронанда, ки ба иттилои ВКД Мубин Мамадҷонов ном дошта, 23 сол дорад, боиси ҷарима шуданаш гардидааст.

"Ҳуқуқвайронкунанда Мубин Мамадҷонов дар бевақтии шаб дар рӯ ба рӯи Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоишкорона воситаи нақлиётро дар ҷои ист бо суръати баланд давр занонида, худнамоӣ кардааст" , - менависад ВКД.

Баъди роҳ ёфтани навор ба сомонаҳои иҷтимоӣ масъулини шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шахсияти ронандаи беинтизомро муайян намуданд, афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, БДА барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард таъсиррасонии ҳуқуқӣ дар асоси моддаи 291 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро татбиқ кард.

То 300 сомонӣ ҷарима барои насби таҷҳизоти садодиҳанда: муроҷиати БДА ба ронандагон

Мувофиқи банди яки моддаи мазкур ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то се ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва мувифиқи банди дувуми он, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.