Истеҳсоли ваксинаи русии "Sputnik V" дар Қазоқистон оғоз ёфт

Ваксинаи зиди коронавируси Sputnik V-и Русияро дар Қазоқистон маҷмааи дорусозии Караганда истеҳсол мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар Қазоқистон истеҳсоли ваксинаи коронавируси Sputnik V-и Русия оғоз ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари ҳукумати ҷумҳурӣ.

Коргардони машҳури амрикоӣ Оливер Стоун бо ваксинаи русӣ эм карда шуд -видео

Қайд карда мешавад, ки ваксина аз ҷониби маҷмааи фармасевтии Караганда истеҳсол карда мешавад.

Оғози истеҳсоли ваксина бо ҳузури сарвазири Қазоқистон, Аскар Мамин шурӯъ шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуот, дар заминаи маҷмаа марҳила ба марҳила ду миллион дона вояи (доза) ваксинаҳо истеҳсол карда мешаванд.

Созишнома оид ба истеҳсоли ваксина, ки онро Маркази Гамалеяи Русия дар якҷоягӣ бо Бунёди сармоягузориҳои мустақим таҳия кардааст, аз ҷониби президентҳои Қазоқистон ва Русия Қосим Ҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин ба имзо расид.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот, коршиносон ваксинаро бехатар дониста, гуфтаанд, он имкон медиҳад, ки ба коронавирус иммунитет ташаккул ёбад.

Эмгузаронии оммавӣ бо "Sputnik V", ки дар Қазоқистон бароварда мешавад, моҳи феврали соли оянда оғоз меёбад.

Ваксинаи сохти русии алайҳи коронавирус бехатарии дусоларо таъмин мекунад

Эмкунӣ ихтиёрӣ хоҳад буд. Пеш аз ҳама, табибон, муаллимон, донишҷӯён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд эм карда шаванд.