Соли 33-юми генерал Рустами Эмомалӣ: расман нафари дуюму дигарбора президенти ФФТ шуд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, имрӯз 33-юмин солгарди зодрӯзашро таҷлил мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik.  Рустами Эмомалӣ дар соли 33-юми умраш, баҳори соли равон ба мақоми раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб шуд, ки расман нафари дуюм дар кишвар баъди раисиҷумҳур ба шумор меравад.

Рустами Эмомалӣ: роҳ ба сӯи мансаб

Ӯ инчунин ахиран дигарбора барои чор соли оянда президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

Имрӯз Рустами Эмомалӣ ба синни 34 қадам мегузорад. Котиботи шаҳрдории Душанбе мегӯяд, одатан Рустами Эмомалӣ рӯзҳои зодрӯзаш низ дар ҷои кор қарор дорад.

Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Рустами Эмомалӣ 19-уми декабри соли 1987 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Зодрӯзи Президент: суҳбати ғайрипротоколии Раҳмон ва тасвири Озода Раҳмон-видео

Солҳои 2006-2009 сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2009-2011 сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумат, солҳои 2012-2013 муовини сардори Хадамоти гумрук, солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумрук ва солҳои 2015-2017 масъулияти роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштаст.

Ӯ  аз январи соли 2017 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон  ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъйин гардида, бар асоси ҳолномаи расмияш забонҳои хориҷии русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.