ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ ҳудуди даҳ рӯзи қабл ба далели сактаи мағзӣ дар корпуси 5 – шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, дар миёни мардум маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло бистарӣ шуда буд.
“Маризии он кас ба “вируси корона” ҳеҷ рабт надорад. Он кас ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда, муддате беҳушу ёд хобида, шаби гузашта аз олам чашм пӯшиданд”, - гуфт ӯ.
Зулмакон Хушқадамов, профессор, доктори илмҳои тиб, соли 1964 дар деҳаи Нишуспи ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи тибии ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад.
Даргузашти нахустин роҳбари сохтмони "Роғун" дар Маскав аз коронавирус
Ӯ сӣ сол шуруъ аз мутахассиси ташхиси судӣ ва тибби судӣ то мудири кафедраи Анатомияи патологӣ ва тиббии судии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯаблӣ ибни Сино кор кардааст.
Муаллифи беш за 150 рисолаву мақолаи илмӣ дар соҳаи ташхиси судӣ ва тибби судӣ мебошад ва даҳҳо шигирдро тарбият намудааст.
Ҷанозаи Зулмакон Хушқадамов субҳи имрӯз ба зодгоҳаш интиқол ёфта, дар ҳамон ҷо ба хок супурда хоҳад шуд.
Даргузашти Қудратбек Элчибеков, ховаршинос ва тарҷумони низомӣ: 82 сол дошт