Ҳукумат ба “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сабукӣ дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат барои корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сабукиҳои дигар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Тибқи қарори ҳукумат, масолеҳи сохтмонӣ, локомотиву вагонҳое, ки “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба кишвар барои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ворид мекунад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд.

Ифтитоҳи нахустин роҳи оҳан миёни Эрону Афғонистон: Руҳонӣ гуфт, робитаҳо қавитар мешавад

Ҳукумат феҳрасти ин молҳоро тасдиқ кардааст. Инчунин масолеҳе, ки барои барқарорсозии қисмати роҳи оҳани Ёвон – Вахш вориди Тоҷикистон мегарданд, аз пардохти молиёт озод гардидаанд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки расмиёту назорати молҳои воридшаванда барои сохтмони иншооти зикршударо таъмин намояд.

Роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат – Ёвон, ки ҳанӯз сохтмонаш соли 2009 оғоз шуда буд, ҷануби Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад. Дарозии ин қисмат беш аз 46 километрро ташкил дода, ҳудуди 8 пулу нақбро низ дар бар мегирад.