Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Як шаб дар Вуҳан: маркази коронавирус ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт

Sputnik

Мақомоти Чин дар ҳол аз бурузи бемории наве дар ин шаҳр эълон кард. Вирус, ки ба суръати тез паҳн мегардид, боиси баста шудани дарвозаҳои шаҳрӣ, карантин кардани сокинон ва баста шудани тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ гардид.

Симои Вуҳан пас аз як соли пандемия - акс

Як сол пеш буд, ки давлати Чин шиносоии нахустин бемори мубтало ба коронаро дар ин шаҳр расман таъйид ва шаҳри 11 миллионнафарии Вуҳанро 60 рӯзи баъд, ҳудуди 11 ҳафта ба таври комил карантин кард.

Акнун, бо гузашти як сол ин шаҳр ба макони боздиди сайёҳони хориҷиву дохилӣ гардидааст.

Оморҳо ҳокист, устони Ҳубей ҳам, ки шаҳри Вуҳан маркази он аст аз замони иҷрои сиёсати тарвиҷи гардишгарӣ аз нимаи тобистони имсол то кунун беш аз 53 миллион гардишгарро ҷазб кардааст.

Шаҳри Вуҳан- макони густариши вируси корона ба пурбоздидтарин шаҳри Чин табдил ёфт

1 / 13
Киштӣ дарёи Янтзиро пас аз як соли бурузи COVID-10 дар Вуҳан убур мекунад
2 / 13
Мизоҷи клуби шабона дар назди бино дар сари чамбараки мошин
3 / 13
Мизоҷони маркази дилхушии ҳабона дар Вуҳан дар машқгоҳи тирандозӣ мусобиқа мекунанд
4 / 13
Одамон шабона дар боғ рақс мекунанд, ҳамагӣ як сол пас аз бурузи коронавирус
5 / 13
Мизоҷони клуби шабона дар Вуҳан рақс мекунанд
6 / 13
Мизоҷони бар ба рӯи ҳамдигар маскаи ширинии зодрӯзиро мемоланд
7 / 13
Одамон шабона дар ресторани кӯчагӣ хӯрок тановул мекунанд
8 / 13
Мард бо дандон шишаи пиворо мекушояд. Яке аз ресторанҳои Вуҳан
9 / 13
Ин духтар, ки зодрӯавзшро дар яке аз ресторанҳои Вуҳан таҷлил мекунад, мегӯяд, пас аз ҳодисаҳои солҳои гузашта гӯё худро дубора таваллудшуда ҳис мекунад
10 / 13
Таҷлили зодрӯз дар яке аз ресторанҳои Вуҳан
11 / 13
Дар кӯчаҳо метавон хӯроки тезтайёр харид ва истеъмол кард
12 / 13
Одамон аз киштӣ бурун меоянд
13 / 13
Хушҳолии мардум дар яке аз ресторанҳои Вуҳан