Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Даргузашти нахустин роҳбари сохтмони "Роғун" дар Маскав аз коронавирус

Нахустин роҳбари сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", мутахассиси рус Николай Савченков аз бемории коронавирус даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар ин бора расонаҳо дар истинод ба писари марҳум ва корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додаанд.

Николай Савченко нухустин роҳбари сохтмони ин нерӯгоҳи бузурги Тоҷикистон буд, ки солҳои 1978-1992 дар "Роғун" фаъолият дошт.

Бино бар иттилои Сафченкои хурдӣ, чанде пеш мархум ба бемористон интиқол дода шуда буд, аммо табибон натавонистанд ҷони Николай Савченкои 88-соларо аз чанголи коронавирус халос кунанд.

Ӯ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба қасди Маскав тарк кард ва то дами марг дар пойтахти Русия ба сар мебурд.

Савченко чун яке аз мутахассисони дилсӯзи бунёди "Роғун" ёд мешавад, ки ҳарчанд тарки Тоҷикистон карда бошад ҳам, дар сохтмони иншоот маслиҳату машваратро ба мутахассисони соҳа дареғ намедошт.