Ваъдаи Бег Сабур барои таъмини алоқаи мобилӣ ба як деҳаи дурдасти Бадахшон

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда додааст, ки як деҳаи дурдасти ВМКБ-ро бо алоқаи мобилӣ таъмин мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар ин бора Музаффари Имомдод, як фаъоли иҷтимоӣ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар деҳаи Равмед, ки водии Бартанги ноҳияи Рӯшон алоқаи мобилӣ тамоман дастрас нест ва пештар сокинони ин деҳаба ширкатҳои мобилӣ бо умеди ҳалли мушкилиашон муроҷиат карда буданд.

"Пас аз он, ки касе аз кормандони ширкатҳои мобилӣ ба муроҷиати видеоии сокинони Равмед вокунише зоҳир накарданд, ман ба раиси хадамоти алоқа Бег Сабур муроҷиат кардам", - менависад вай.

Вай афзудааст, "Бег Сабур ваъда дод, ки сокинони деҳаи алоҳидаи Равмед бо алоқаи мобилӣ таъмин мешаванд. Сипос аз Бег Сабур".

Музаффар Имомдод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи гуфтаи раиси Хадамоти алоқа, интизор меравад, ки баҳори соли оянд алоқаи мобилӣ дар ин деҳаи дурдаст барқарор шавад.