ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ба сокинон иттилоъ дода шуд, ки дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд дар кишвар аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти интиқоли барқ пурра бардошта шуда буд.
“Мо эҳтиёҷоти кишварро то ба имрӯз танҳо бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин карда истодаем, ки ин, албатта, самараи татбиқи сиёсати энергетикии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад”, - таъкид кард манбаъ.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот доир ба истифодаи сарфакоронаву мақсаднок ва боинсофонаи нерӯи барқ баромадҳо намуда, аз ҳозирин даъват карда шуд, ки ба таври қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани исрофкорӣ саъй намоянд.
“Ин иқдом бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он роҳандозӣ гардидааст. Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад”,- зикр кардааст мақомоти шаҳри Хуҷанд.