Вазорати: шабонарӯзи гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашуд
Sputnik

ДУШАНБЕ 17 дек - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 37 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор гардид.

"Аҷали вируси корона" куҷост? Қобилҷон Гиёев дар бораи вазъи кунунӣ

Манбаъ илова намуд, ки 42 нафар баъди табобат ёфтан ба хонаҳояшон мураххас шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири апрел то имрӯз 12 ҳазору 852 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз ин то ҳол 12 ҳазору 295 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ таъкид доштааст, ки аз оғози пандемияи коронавирус то шоми 17 ноябр дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 89 нафар бар асари ин маризӣ ҷон доданд.

Вазорати тандурустӣ таъкид намудааст, ки шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд, бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ниқоб пӯшанд.

Ин ниҳод хотиррасон намудааст, ки беморӣ қодир аст аз одам ба одам ба воситаи қатраҳои хурд, ки аз бинӣ ё даҳони бемори гирифтор ба COVID‑19 ҳангоми сулфидану атсазанӣ ҷудо мешаванд, гузарад.