Табиби тоҷик гуфт, бо кадом нишонаҳо коронавирусро аз зуком фарқ кардан мумкин аст

Муттахассиси  тоҷик оид ба бемориҳои шуш шарҳ дод, ки чӣ гуна зукомро аз коронавирус бо нишонаҳои аввал фарқ кардан мумкин аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Ҳакимахон Ахмедова, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Ховар” гуфтаст, ки ҳам COVID-19 ва ҳам зукоми мавсимӣ нишонаҳои шабеҳ доранд, аммо аз рӯи табиати худ ин бемориро фарқ кардан мумкин аст.

Пизишк роҳҳои гирифтор нашудан ба COVID - 19 -ро нишон дод

Аломатҳои асосии ин ду беморӣ табларза, дарди гулӯ, сулфа ва хастагӣ мебошанд, қайд кард табиб.

"Агар шумо бемориҳоро дуруст таҳлил кунед, метавонед зукомро аз коронавирус дар рӯзҳои аввал фарқ кунед", - шарҳ дод Ахмедова.

Ба гуфтаи ӯ, фарқияти якуми  беморӣ- ин давраи  инкубатсионӣ мебошад, ки дар зуком он хеле кӯтоҳ 2-3 рӯз ва дар COVID-19 аз 2 то 14 рӯзро дарбар мегирад.

Фарқияти дуюм оғози беморӣ мебошад, ки дар ҳолати зукоми шадид ва ҳарорати бадан аз 38,5 боло мешавад. Дар COVID-19 ҳарорат якбора баланд намегардад. 

Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад

Ҳангоми гирифтори бемории коронавирус шудан ҳарорати бадан аз 37,1 то 37,5 шуда, дар вақти аз ҳолати миёна ба вазнин гузаштани беморӣ баъд аз 4-6 рӯз  баландшавии ҳарорат аз 38,5 боло мебарояд, шарҳ дод, мутахассис.

Ба таъкиди Ҳакимахон Ахмедова, дар ҳолати коронавирус сулфа хушк буда, дар вақти зуком сулфа бо ихроҷи ками балғам  мушоҳида мешавад.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад

Дар ҳолати зуком обреза аз бинӣ ва атсазанӣ  ба амал меояд, дар COVID-19  баъзан вақт ҳолати ками обравии бинӣ бидуни атсазанӣ дида мешавад. 

Директори “Вектор” гуфт, пандемияи COVID-19 кай ба поён мерасад

Гумшавии ҳисси бӯй ва мазза танҳо дар коронавирус ба мушоҳида расида, он хоси зуком намебошад, афзуд ӯ.