Путин то ҳол худро аз вируси корона эм накардааст

Валдимир Путин зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ қайд кард, ки ҳатман дар ояндаи наздик худро аз вируси корона эм хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, то ҳол аз вируси корона худро эм накардааст.

Дар ин бора Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ гуфт.

Дар ҳамин ҳол, Путин таъкид кард, ки тасмим дорад худро аз вируси корона эм кунад:

“То нафарони монанди ман воксина то ҳол нарасидааст. Аммо мехоҳам бигӯям, ки ҳамон лаҳзае, ки имконият пайло шавад, ҳатман худро эм мекунам”.

Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 17 декабри соли равон  соати 12:00 ба вақти Маскав нишасти матбуотии солонаашро дар шакли онлайн баргузор мекунад.

Путин ба суолҳои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ посух медиҳад - пахши мустақим

Солҳои пеш Владимир Путин, президенти Русия  чандин соат ба суолҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, дар Кохи Кремлин посух медод.

Имсол ба сабаби пандемияи вируси корона шакли баргузории нишасти матбуотӣ тағйир ёфт. Имсол нишаст ба таври онлайнӣ сурат мегирад.

Суолҳо ба сиёсати дохиливу хориҷаи Русия рабт доранд.

Нишасти матбуотии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва сомонаи Sputnik Тоҷикистон мустақиман пахш мешавад.