Хунуктар аз ҳарвақта: ба Тоҷикистон сардиҳои рекордии то -44 дараҷаӣ фаро мерасад

Сардиҳои бесобиқа ба минтақаҳои Бадахшон наздик шуда истодааст ва ин бор он -44 дараҷа пешгӯӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳавосанҷони тоҷик аз фарорасии сардиҳои рекордии дар минтақаҳои кӯҳии кишвар ҳушдор медиҳанд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Тавсияҳои КҲФ ба ронандагону пиёдагардон дар рӯзҳои яхбандиву меғфароӣ

Ҳамин тавр, дар шарқи вилоят  ҳаво шабона  25-30 ва дар баъзе ноҳияҳо то 39-44 дараҷа хунук ва рӯзона 13-18  дараҷа хунук мешавад.

Умуман, дамои ҳаво дар ВМКБ нимаабрӣ, бебориш шуда, ҳарорат дар ғарб шабона аз -9 то -14 дараҷа ва рӯзона аз -1 то -6 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш  шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 дараҷа хунук ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ чун пойтахт ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. 

Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Аммо дар минтақаи Ҷиргатал ҳарорат метавонад ба -17 дараҷа паст шавад.

Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд.

Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, дар баъзе ноҳияҳо шамол то 17 метр дар як сония зиёд мешавад, туман мефарояд.

Ҳушдор аз сардиҳо: чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук то мешавад.