Боздошти сокини 40-солаи Вахш: манзилашро ба қиморхона табдил дод

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 40-сола ба гумони ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Вахш дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки номбурда, рӯзи 8-уми декабри соли 2020, тахминан соати 15:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба қиморхона табдил додааст.

Боздошти сокини 68 солаи Восеъ: манзили зисташро ба қиморхона табдил дод

"Ӯ мардони 35, 38, 49 ва 29-солаи сокинони ноҳияи мазкурро ба хонааш даъват карда, ба онҳо барои бозӣ кардани қимор шароит муҳайё намудааст", - омадааст дар хабарнома.

ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

Бо пули қимор кори ҳалол кардан ҷоиз аст?: посухи Шӯрои уламо ба Закариё

Манбаъ афзуда, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.