"Бигӯ, редис": маслиҳати Путин ба овозхони ҳақоратчӣ

Президенти Русия Владимир Путин ба овозхони рус Сергей Шнуров фаҳмонд, ки дашномҳои русиро бо кадом алфоз метавон иваз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимр Путин ба роҳбари пешини гурӯҳи "Ленинград", овозхон Сергей Шнуров маслиҳат дод, ки чигуна бидуни ҳақорат метавон сухан ронд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ, Шнуров ба роҳбари давлат, дар бораи он ки "чигуна метавон зиндагӣ дар Русияро бидуни ҳақорат тасвир кард", пурсидааст.

Путин дар посух роҳи осони посухи ин суолро нишон додааст.

"Ба филмҳои машҳур муроҷиат кунед, филмҳои классикии советӣ, вақте ба болои поятон қисмате аз батарея меафтад, "редис" мегӯед ва алфози қабеҳро истифода намебаред", - гуфт Путин дар нишасти матбуотӣ.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки забони русӣ аз ибораҳои гуногун бой аст, ки метавон бо истифода аз он аз ҳақорат даст кашид.

Путин: поинравии ММД Русия нисбат ба кишварҳои Аврупо ва Амрико камтар аст

Ӯ ҳамчунин аз Шнуров барои савол доданаш бе истифода аз забони зишту нописанд изҳори сипос кардааст.

"Аз шумо арзи сипос мекунам, ки шумо ҳоло аз ин ибораҳо истифода накардед", - афзудааст вай.

Ин шонздаҳумини нишастест, ки Путин дар замони президентиаш баргузор мекунад. Имсол бо далели пандемия нишаст дар формати ғайриодӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин президент илова бар суолҳои рӯзноманигорон ба саволҳои сокинони Русия низ посух медиҳад.