Тасдиқи як фавти дигар аз COVID‑19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ аз оғози пандемияи коронавирус то шоми 16 ноябр дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 89 нафар бар асари ин маризӣ ҷон доданд.

Гуд бай, Ковид-19? Дар Хуҷанд се рӯз боз гирифтори "вируси корона" бистарӣ нашудааст

Манбаъ илова намуд, ки тайни шабонарӯзи гузашта 38 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 41 нафар баъди табобат ёфтан ба хонаҳояшон мураххас шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири апрел то имрӯз 12 ҳазору 815 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз ин то ҳол 12 ҳазору 253 нафар шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ таъкид намудааст, ки шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд, бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ниқоб пӯшанд.

Ин ниҳод хотиррасон намудааст, ки беморӣ қодир аст аз одам ба одам ба воситаи қатраҳои хурд, ки аз бинӣ ё даҳони бемори гирифтор ба COVID‑19 ҳангоми сулфидану атсазанӣ ҷудо мешаванд, гузарад.