ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Хуҷанд бо дастури роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятӣ пурзӯр карда шуд.
“Дар ин амал созмони ҷавонони “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроияи шаҳрӣ, шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ҳиссаи арзанда мегузоранд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки бо ҷалби ин ниҳодҳо дар назди мағозаи “Оазис”, ки аз макони серодамтарини шаҳр маҳсуб меёбад, чорабинии фаҳмондадиҳӣ доир гардид.
Наим Маликисломӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки коҳиш ёфтани сатҳи сирояёбӣ ҳанӯз маънои пурра аз байн рафтани бемориро надорад.
“Бояд шаҳрвандон пеш аз ҳама худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоянд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки шаҳрвандон фориғболӣ ва беҳавсалагӣ нишон дода, зимни гаштугузор аз ниқобҳои ҳимоятӣ истифода намебаранд. Чунин бемасъулиятӣ фарҷоми хуб надорад”, - қайд кард Наим Маликисломӣ.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар идомаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба аҳолӣ ниқобҳо тақсим ва ҳамзамон варақаҳои роҳнамоӣ дода шуд.