Харҷи наздик ба 1 миллион доллари Амрико барои азнавсозии посгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон

Амрико барои азнавсозии посгоҳи сарҳадии Чалдовар дар вилояти Хатлон қариб як миллион доллар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Сафорати Амрико дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) аз оғози лоиҳаи нав барои барқарорсозӣ ва азнавсозии посгоҳи сарҳадии Чалдовар дар ноҳияи Шахритус, дар хатти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, посгоҳи Чалдовар, ки дар ноҳияи Шаҳритус қарор дорад, бо харҷи 995 ҳазор доллар дар давоми як соли оянда барқарор хоҳад шуд.

Мақомот кишварҳое, ки ба Тоҷикистон дар замони паҳншавии коронавирус кӯмак карданд, гуфт

“Баъди ба поён расидани лоиҳа, дар посгоҳи Чалдовар мешавад 40 сарҳадбонро ҷойгир кард. Ҳамчунин дар он, ҷой барои анҷомҳои техникӣ ва гузаронидани омӯзишҳои касбӣ ба миён меояд, ки амнияти сарҳадӣ ва мубориза ба маводи мухаддири Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод”, -иттилоъ додааст сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Манбаъ эълон доштааст, ки аз соли 2002 ҳукумати Амрико таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии даҳ постгоҳи марзбонӣ ва се иншооти омӯзиширо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.

Сафир Ҷон Марк Поммершейм ҳангоми эълони оғозшавии лоиҳаи Чалдовар чунин қайд намуд: “Дастгирии доимии мо ба марзбонони Тоҷикистон амният, субот ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши муҳимро мебозад ва Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо таҳдидҳои терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ шарики устувори Тоҷикистон боқӣ мемонад.”

Бояд қайд кард, ки қаблан ҳам мақомоти Амрико ба мақомоти амниятӣ ва нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо маблағи миллионҳо доллар техника барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дода буд.

Амрико дар давоми 28 сол ба Тоҷикистон беш аз 1,8 миллиард доллар кумак расонидааст.