Безурётӣ: пизишк хатари хоб бо смартфонро гуфт

Мавҷҳое, ки смартфонҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ доранд, дар бофтаҳои бадани инсон ҷаббида мешаванд ва метавонанд ба саломатии ӯ таъсири манфӣ расонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Табиб-неврологи "CM-Клиника" Мария Игнатова дар суҳбат бо хабаргузории "Прайм" гуфт, хоб дар назди гаҷетҳо чӣ хатар дорад ба ба саломатии одамоне, ки дақиқае ҳам бе смартфон нестанд, чӣ таҳдид мекунад.

"Тибқи тадқиқотҳо, мавҷҳои радиатсионӣ, ки  аз смартфонҳо хориҷ мешаванд, хавфи безурётӣ, саратон, бемориҳои асаб ва равониро афзоиш медиҳад", - мегӯяд пизишк.

Ӯ гуфт бештар аз ҳама кӯдакон, занҳои ҳомила ва одамон бо масъунияти паст ва дорои бемориҳои асаб бештар дар гурӯҳи хавф қарор доранд.

Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад

Вале, то имрӯз таҳлилҳои муайян дар бораи таъсири смартфон ба организми инсон дар даст нест.

Истифодаи смартфонҳо барои кӯдакон ва одамони бузургсол махсусан шабона хатари ҷиддӣ дорад. 

"Ранги кабуди экрани телефон ба чашм таъсири манфӣ дошта боиси бехобӣ, дарди сар, коҳиши қобилияти кор, суст шудани хотира ва пайдоиши бемориҳои чашм мегардад", - шарҳ дод Игнатова.

Вай афзуд, онҳое, ки аз смартфон вобастагии зиёд доранд, бояд онро дар масофаи кофӣ аз ҷои хоб ва истироҳат нигоҳ доранд ва ба шабакаи барқ пайваст накунанд.