Соли 2021 вазнин меояд: дастури Раҳмон барои гурусна намондани мардуми Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон имрӯз дар машварати корӣ бо аъзои ҳукумат ва раисони вилоятҳову шаҳру навоҳӣ гуфт, чӣ бояд кард, то дар соли 2021 мардуми Тоҷикистон ба фақр рӯ ба рӯ нашаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид соли 2021 барои сокинони сайёра соли вазнинтарин мегардад.

Бино ба таҳлилҳои ин созмон, беш аз 270 миллион одам бо сабаби камбудии маводи ғизоӣ ба гуруснагӣ ва фақр рӯ ба рӯ мешавад.

Раҳмон аз таъмини барқ гуфту ба сокинон ҳушдор дод: "лимит" ҷорӣ мешавад, агар...

Соли 2021 - фалокатбор хоҳад шуд: пешгӯии СММ

Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ, ки имрӯз дар Қасри миллат баргузор шуд, вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, ки аз роҳҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва танзими нарх дар бозорҳо мебошад, дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вусъат бахшида шаванд.

Тибқи маълумот дар кишвар масоҳати чунин заминҳо 214 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 107 ҳазор гектари он замини обӣ буда, 32 фоизи замини корами кишварро дар бар мегирад.

Бинобар ин, Президент Эмомалӣ Раҳмон зарур шуморида, ки бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар майдони кишту кори зироатҳои кишоварзӣ, махсусан, картошка ва ғалладонагиҳо зиёд карда шавад.