Соҳибкор Азимов Хуҷамурод барои бозсозии мактаб шаҳри Норак маблағ дод

Раиси шаҳри Норак мактаберо, ки аз сӯи соҳибкорони маҳаллӣ ва Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон таъмиру бозсозӣ шуд, дидан кард
Sputnik

ДУШАНБЕ 15 дек - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дидан намуд.

Соҳибкор Раҷабов барои сокинони Муъминобод Маркази саломатӣ сохт

Гуфта шудааст, ки раис шаҳр ба раванди таълиму тарбия шинос гардид.

Ҳамзамон манбаъ таъкид кардааст, ки толори варзишӣ ин муассисаи таълимӣ  бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Азимов Хуҷамурод бозсозӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, толори маҷлисгоҳи МТМУ №9  аз ҳисоби Ассотсиатсияи волидону омўзгорон бо таври замонавӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида ба пуррагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Дар Дарвоз Боғи нави фарҳангию фароғатӣ ифтитоҳ шуд: онро 11 соҳибкор бунёд карданд

Қайд карда шудааст, ки толорҳои варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо курсиҳои нишаст ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.