ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати ҳакамон хост ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар кишвар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар ташкил гардид, ва ба кашфи истеъдодҳо мусоидат мекунад, ҷараён дорад.
Роҳбари Тоҷикистон инчунин, таъкид кард, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун бояд аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд.
Ёдрас мешавем, ки озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол барои дувумин бор аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Бори аввал ин озмун соли гузашта доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.
Ғолибони ин озмун дар чаҳор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.