Маҳкумшуда боз ба ҷиноят даст зад: дар муноқиша марди 34-сола ду корд хурд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 49 сола, ки дар кордзании як сокини шаҳраки Навободи шаҳри Исфара гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 49-солаи сокини шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 227 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, боздошт намуданд.

Ҷавоне ҳамдеҳаи солхӯрдаашро бо калтак куфт: гумонбар дастгир шуд

Гуфта шудааст, ки номбурда ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дастгир карда шуд. 

“Номбурда, санаи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, дар ҳудуди шаҳраки Навободи ҳамин шаҳр аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 34-солаи сокини шаҳраки мазкур бо корди кисагӣ 2 маротиба ба шиками ӯ задааст”, таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи ин муноқиша ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.