Ҷавоне ҳамдеҳаи солхӯрдаашро бо калтак куфт: гумонбар дастгир шуд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 26 сола хабар дод, ки дар лату кӯби як кӯҳансол айбдор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ 15 дек - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи мазкур шаби 30-юми ноябр ба 1 декабри соли равон дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рух додааст.

Лату кӯб ва ғорати зани 42-сола аз ҷониби ду бону дар хонаи модараш

Манбаъ қайд кардааст, ки кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 26-солаи сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, шаб дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш бо марди 62-солаи ҳамдеҳааш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо калтак якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

ВУУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷа, марди 62-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бар-дошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.