ДУШАНБЕ 14 дек - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар маҷмуъ аз 30 апрел то 14 декабр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 12 ҳазору 741 нафар расид.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон илова намуд, давоми шабонарӯзи охир 39 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 172 баробар гардид.
Таносуби афроди шифоёфта аз шумораи умумии гирифторон 95,5% арзёбӣ шудааст. Ба иттилои Вазорат, рӯзҳои охир ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуда, теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус ҳамоно 88 нафар мебошад.
Вазорат мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.