Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин нахустин сафири ҳусни нияти Русия оид ба гурезагон дар Созмони Миллали Муттаҳид интихоб шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) зодаи Тоҷикистон овозхони машҳури Русия Манижа Сангинро сафири ҳусни нияти худ дар Русия таъйин кардааст, хабар медиҳад торномаи ин ниҳод.

Овозхон аз соли 2019 инҷониб фаъолияти Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳидро дастгирӣ мекунад, қайд мешавад дар хабарнома.

Ӯро ба ин кор таҷрибаи азсар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки барои хонаводааш боиси тарк кардани ватан шудааст, водор намуд.

"Дафтари СММ оид ба гурезагон имрӯз таъин шудани сарояндаи мустақил ва хайрхоҳ Манижаро ба ҳайси сафири ҳусни нияти худ эълом мекунад. Барои нахустин бор дар таърихи СММ дар умури паноҳандагон, ситорае аз Русия ҳимоятгари гурезагон мешавад", - омадааст дар изҳорот.

Дар навбати худ, Манижа изҳори умедворӣ кард, ки бо ин роҳ бештари одамон дарк хоҳанд кард, ки гурезагон бо ҳунару заковати худ метавонанд ба ҷомеа нафърасон бошанд.

Манижа, овозхони тоҷик ба рӯйхати Forbes шомил шуд

Манижа Сангин овозхони тоҷики муқими Русия мебошад.

Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шӯҳрат пайдо кард.