ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Бино ба гузориши ВКД, ахиран боз бемасъулиятии 14 нафар волидайни дар тарбияи фарзанд ошкор гардид.
Ҷиҳати пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни наврасон кормандони шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғони Шуъбаи ВКД-и ноҳияи Б. Ғафуров дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров ва маҳаллаи Сталинскийи ноҳия чорабинии мақсадноки пешгирикунанда гузарониданд.
Маркази бозиҳои компютерӣ ба ҷои мактаб: боздошти беш аз 25 ноболиғу ҷавон дар Ҳисор
Гуфта мешавад, натиҷаи рейд нишон дод, ки меъёру талаботҳои Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро на ҳама волидон риоя мекунанд.
"14 нафар ноболиғ дар бевақтии шаб аз назорати падару модар дур монда, 5 нафарашон ҷойе таҳсил намекунанд, ду нафарӣ хонандагони мактаби №36, мактаби хонандагони болаёқат ва Коллеҷи техникии ҷамоати деҳоти Хистеварз ва се нафари дигар муҳассилини мактабҳои №№18, 83 ва Гимназияи ноҳияи Б.Ғафуров буданд", - омадааст дар хабарнома.
Бар замми ин зимни санҷиш аз як нафар ноболиғи дар маркази бозиҳои компютерии ҳудуди маҳаллаи Сталинский қарор дошта, силоҳи ба таври косибӣ сохташудаи ҷароҳатрасонанда ба истилоҳ "Кастет" дарёфт гардид.
Ҷинояти наврасони тоҷик: кордзанӣ, бозиҳои компютерӣ ва оворагардӣ
Тибқи иттилои ВУД, вобаста ба далелҳои ошкоргардида масъулини кор бо ноболиғони мақомоти милитсияи ноҳияи Б.Ғафуров бо ҳуқуқвайронкунандагон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамчунин маводи маъмурӣ тартиб доданд.
Манбаъ афзуда, ки соҳибкорон дидаву дониста иҷозат додаанд, ки ноболиғон ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта ё саққобозӣ машғул шаванд.