Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Олмон боз қарантинро шадид мекунад: аксар мағозаҳо баста мешаванд

Дар Олмон сар аз 16 - уми декабр қарантин шадидтар мешавад. Маҳдудиятҳо то 10 - уми январ идома хоҳанд ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ангела Меркел, канслери Олмон  изҳор доштааст, ки дар робита ба бад шудани вазъи коронавирус дар кишвар қарантинаи шадид ҷорӣ мешавад.

Маҳдудиятҳои ҷорибуда, аз 16 уми ин моҳ шадидтар шуда, то 19 уми январ идома меёбад.

"Дар робита ба маҳдуд кардани тамосҳо, на бештар аз 5 нафар намояндагони ду хонавода иҷозат доранд, ки мулоқот кунанд", - гуфт Меркел ва илова кард, ки каме сабукӣ дар Мавлуди Масеҳ, 24-26 декабр ба нақша гирифта шудааст, аммо сабукӣ дар соли нав пешбинӣ нашудааст.

Сартарошхонаҳо ва мағозаҳои чакана ба истиснои муассисаҳои фурӯши хӯрокворӣ ва молҳои ҳаррӯза аз 16 декабр баста мешаванд. Фурӯши пиротехникӣ дар рӯзҳои Соли нав манъ аст. Ба корфармоён тавсия дода мешавад, ки кормандони худро ба режими дуркорӣ фиристанд.

Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад

Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох, табибон дар Олмон давоми 24 соати охир 20 200 ҳолати сироятро сабт кардаанд.

Дар саросари ҷаҳон дар як шабонарӯз беш 233 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд

Ҳамин тариқ, шумораи умумии бемориҳои сироятӣ дар кишвар ба 1.320.716 расида, шумораи қурбониён 21787 нафар буда, беш аз 967 ҳазор нафар шифо ёфтанд.

Рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард.