ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар ҷумҳурӣ 40 адад корхона, ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот машғул буда, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба миқдори 61274,1 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 35522,1 ҳазор қуттии шартӣ зиёд буда, суръати афзоиш 237,9 фоизро ташкил менамояд.
Гуфта шудааст, ки дар ин давра фаъолияти хуби корхонаҳои консервбарории ҶСП “Оби Зулол”, ҶСК “Комбинати консервабарории Хуҷанд”, ҶДММ “Сирдарё”, ҶДММ “Куруши Кабир”-и Истаравшан, ҶДММ “Шарбати мева”-и ш.Бўстон, ҶДММ “Субҳи Ватан”, ҶСП “З.Ҳасанов”-и шаҳри Исфара ва ҶС “Комбинати хўроквории Бохтар” хеле назаррас мебошанд.
Давоми моҳҳои январ-октябри соли 2020 ҶДММ “Субҳи Ватан” 87,7 тонна меваи хушк ба маблағи 553,4 ҳазор сомонӣ ба давлатҳои Туркия, Олмон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва 207,1 тонна консерва ба маблағи 570,5 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Украина, ҶДММ “Кони намак”-и Ашт 410,35тонна намаки ошии навъҳои “Экстра” ва техникӣ ба маблағи 173,0 ҳазор сомонӣ ба Ӯзбекистон, Кирғизистон ва исломии Афғонистон, ҶСК “Хоҷа-Муъмин” 235 тонна намак ба Афғонистон ба маблағи 24,3 ҳазор сомонӣ, ҶСП “Оби Зулол” ба Қазоқистон 2609,0 ҳазор литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 89,4 ҳазор литр обҳои маъданӣ, 70,0 ҳазор литр шарбат, ҷамъ ба маблағи 9473,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Кока-Кола- Нӯшокиҳои Тоҷикистон" 5929,0 ҳазор литр ба маблағи 19027,6 ҳазор сомонӣ ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон ва ҶСП “ММД” ба Афғонистон 14,8 ҳазор декалитр спирти этилӣ ба маблағи 1938 ҳазор сомонӣ, ҷамъ корхонаҳои соҳа ба маблағи 31760,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот намуданд.