Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Беш аз 95 дарсади гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон шифо ёфтанд

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи фавт аз маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 12704 нафар баробар гардид.

Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12133 (95,5%) нафар баробар гардид.

Дар саросари ҷаҳон дар як шабонарӯз беш 233 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд

Давоми чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳодисаи фавт сабт нашудааст ва теъдоди қурбониён 88 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.