БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсиа дод, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирини кориаш дифоъ кунад

Бонки Рушди Осиё аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини корияш дар Русия иқдом кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дар гузориши тозаи Бонки Осиёии Рушд (БОР) таъкид шудааст, ки соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 2 миллиарду 700 миллион доллар даромади молӣ ирсол кардаанд, ки баробар бо 33,4 дарсад аз ММД Тоҷикистон аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи ТОП ТҶ.

Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

Аммо дар Русия мавориди нақзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир, бамавқеъ пардохт нашудани дастмуздҳои онон ва нобаробарӣ дар ҳуқуқи ин афрод бо коргарони бумӣ мушоҳида мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки 85 дарсад аз коргарони ҷавони муҳоҷири тоҷик аз манотиқи рустоии Тоҷикистон ҳастанд ва синни миёнаи онон байни 15 то 44 сол аст.

Аз дидгоҳи БОР далели аслии сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия донистани забони русӣ, набуди муқаррароти раводид ва зиндагии муштараки наслҳои қаблӣ дар фазои Шӯравии собиқ аст.