Додгоҳи Рашт "Ҷулайбӣ"-ро барои таблиғи "ДОИШ" ҷазо дод

Додгоҳи ноҳияи Рашт як шаҳрванди Тоҷикистон, бо тахаллуси “Ҷуалйбӣ”-ро дар зархаридӣ ва узвият дар ташкилоти террористии “ДОИШ” гунаҳкор дониста, ба 5 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, маҳкумшуда бар асоси  модаи 307 замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум гардид.

“Тоҷик бо лақаби туркӣ”: номҳои чанд толиби тоҷикистонӣ дар Моймайи Дарвозҳо маълум шуд

Манбаъ тавзеҳ дод, ки шаҳрванд А соли 2015 ба воситаи шабакаи интернетии “Ютуб” аз мақсаду маром ва ғояҳои ТЭТ “Давлати исломӣ”* бохабар шуда, минбаъд бо мақсади таблиғу ташвиқи ғояҳои ин ташкилот дар саҳифаҳои интернетии “Зелло”, “Телеграм” ва “Имо” худашро бо номи “Ҷулайбӣ” ба қайд гузоштааст.

Додситонии кул афзуд, ки сипас “Ҷулайбӣ” бо истифода аз шабакаи интернетӣ ба даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ машғул шудааст.

Зикр шудааст, ки ӯ дидаву дониста қасдан бо истифода аз шабакаи интернетӣ ба паҳн намудани маводҳои динни хусусияти экстремистӣ дошта ва ташвиқу тарғиби ғояҳои ташкилоти “Давлати исломӣ” машғул шудааст.

Ӯзбекистон шаҳрвандонашро аз Сурия ба Ватан меорад

Аз ҷумла акси силоҳбадастони ин созмон, роҳбари он Абубакри Бағдодӣ, маҷаллаҳои мансуби ин созмони террористӣ ва дигар маводи онро нашр мекардааст.

Манбаъ афзуд, ки ин аъмоли ғайриқонунӣ то  24 апрели соли 2020 давом доштаанд.

Назари бевоситаи худи маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва ҳукми эълонкардаи мақомоти додгоҳӣ маълум нест.

Додгоҳ “Ҷулайбӣ”-ро ба 5 соли зиндон бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр маҳкум намудаст.

*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия