ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Муроҷиатномаи ширкати "Барқи Тоҷик" дар мавриди сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдан аз ҳар киловатт – соат неруи барқро ба мардуми шаҳри Бӯстон гурӯҳҳои таъсисдода, расонданд, хабар медиҳад котиботи раиси шаҳри мазкур.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони соҳаи идеологӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шабакаҳои барқӣ, нозирони минтақавии милитсия, кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон иборат мебошад.
Зимнан, рӯзи гузашта раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода машварати корӣ доир намуд, ки дар ҷараёни он нахуст оид ба рушди босуботи соҳаи энергетика ибрози назар кард.
"Бо ҳақорат барқ таъмин намешавад": "Барқи тоҷик" гуфт, кай "лимит" бардошта мешавад-видео
Зикр гардид, ки дар сохторҳои энергетикии кишвар тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид.
Ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дастур дода шуд то баҳри ба самъи аҳолӣ расонидани муҳтавои муроҷиатномаи мазкур ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ ҳамарӯза аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд.