Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

28 ҳазор бемор шуду 560 кас ҷон бохт: омори коронавирус дар Русия

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 28 ҳазору 137 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек – Sputnik. Вазъи коронавирус дар Русия ҳамоно вахим аст, зеро дар 24 соати ахир дасти кам 28 137 нафар тоза ба ин дард гирифтор шуданд.

Нигаронии Лавров аз шитобкорӣ ва сабқати Ғарб барои ваксинаи коронавирус - навор

Ситоди фаврӣ ҳамчунин аз ҷон бохтани 560 маризи коронавирус дар қаламрави ин кишвар хабар медиҳад. Рӯзи гузашта бошад, баландтарин мавориди фавт  (613 нафар) аз замони авҷи ин маризӣ сабт гардида буд.

Маскав ҳамоно аз лиҳози баландтарин нишондиҳандаи мубталошавӣ дар ҷойи якум қарор дорад. Шабонарӯзи гузашта дар пойтахти Русмия 6 622 маворид сабт гардид.

Ҳамин тариқ, аз аввали баҳор дар Русия 2 625,848 нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд, ки беш аз 46,4 ҳазор нафарашон фавтида, зиёда аз ду миллион мариз шифо ёфтанд. 

Ҳушдори Раҳмон аз коронавирус ва дастури назорати кори тарабхонаю бозорҳо

Зимнан, Роспотребнадзор дар арафаи Соли нав аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки аз рафтан ба маконҳои серодам, ҳатто дар ҳавои кушод ҳам худдорӣ кунанд. Ҳамчунин рафан ба меҳмонӣ ва маъракаҳои ҷамъиятӣ низ тавсия намедиҳад. Ин ниҳод аз шаҳрвандон дархост намудааст, ки пӯшидани ниқоб ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро фаромӯш накунанд.

Бар тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон теъдоди умумии гирифторони ин вабо ба 70 миллион нафар наздик омада, беш аз 1,5 миллион қурбон шуданд.